Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Қаллобон

Аз қаллобон дар эҳтиёт бошед

18 июня 2025

Солҳои охир шумораи ҳолатҳои қаллобӣ, ки бо амалиётҳои бонкӣ алоқаманданд, афзоиш дорад. Қаллобон бештар бомаҳорат гардида, аз технологияҳои муосир, муҳандисии иҷтимоӣ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Хусусан мизоҷоне, ки қоидаҳои оддии бехатариро намедонанд, зери озор мемонанд.

Чанд намунаи маъмули қаллобӣ:

- Зангҳо аз «кормандони бонк» — қаллобон худро ҳамчун корманди хадамоти бехатарӣ муаррифӣ карда, шуморо водор мекунанд, ки маблағро ба «ҳисоби бехатар» гузаронед.

- Сомонаҳо ва мактубҳои қалбакӣ — ба шумо истинод ба сомонае мефиристанд, ки ба шабакаи интернетии бонк шабоҳат дорад, вале қалбакӣ аст.

- SMS бо истинодҳои хатарнок — пас аз кушодани он, қаллобон метавонанд ба телефони шумо ва барномаҳои бонкӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

- Қаллобӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо — қаллобон метавонанд саҳифаи дӯсти шуморо рахна карда, аз номи ӯ аз шумо маблағ пурсанд.

Чӣ гуна худро муҳофизат кардан мумкин аст:

Ҳеҷ гоҳ рамзи PIN, CVV ва рамзҳои SMS-ро ба касе надиҳед.

Ба истинодҳои шубҳанок нагузаред ва барномаҳои номаълумро насб накунед.

Суроғаи сомонаро бодиққат санҷед: сомонаи расмии бонк ҳамеша бо https:// оғоз мешавад ва номи дурусти бонкро дарбар мегирад.

Ҳангоми занги шубҳаовар — сӯҳбатро қатъ кунед ва ба рақами расмии бонк 808 занг занед.

Ҳушёрӣ — беҳтарин муҳофизат аст. Агар шубҳа пайдо кардед, беҳтараш бо корманди бонк машварат кунед.

* Санаи навсозии саҳифа 18.06.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»