15 - март «Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
11 марта 2025
Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми март, ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” таҷлил мегардад. Вобаста ба ин дар кишвар як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал мекунад, ки ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунандаро ҳимоя менамояд. Қонуни мазкур 9 декабри соли 2004, №72 қабул гардида, аз 4 боб ва 45 модда иборат аст.
Имрӯз бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо таваҷҷӯҳу ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ҳуқуқии зарурӣ вобаста ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фароҳам оварда шудааст ва Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ барои риоя ва назорати иҷрои он пайваста тадбирҳои дахлдор роҳандозӣ намуда истодааст.
ҶСК «Бонки Эсхата» ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутобиқати фаъолияти худ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аҳамияти махсус медиҳад.
Дар Бонк шуъбаи махсуси кор бо шикоятҳо таъсис дода шудааст, ки ҳамчун воҳиди алоҳида, бевосита дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият дорад.
Мақсади асосии шуъбаи кор бо шикоятҳо ин бартараф намудани камбудиҳо ва хатогиҳо, ки асос барои муроҷиати мизоҷон гаштаанд, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва баланд бардоштани масъулияти кормандон барои иҷрои вазифаҳои мансабии худ мебошад.
Муносибатҳои Бонк бо мизоҷон дар асоси шартнома сурат мегирад. Дар тамоми шартномаҳои амалкунандаи Бонк банди алоҳида дар таҳрири зерин вуҷуд дорад: “Дар ҳолати аз ҷониби кормандони Бонк, саривақт иҷро накардан, дағалона рафтор намудан ва дигар кирдорҳое, ки ба пастшавии сифати хизматрасонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои Мизоҷ оварда мерасонад, Мизоҷ метавонад тариқи рақами 808 ва ё почтаи электронии shikoyat@eskhata.tj ба шуъбаи кор бо шикоятҳои Бонк эътироз ва шикоятҳои худро пешниҳод намояд”.
Инчунин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар Бонк якчанд ҳуҷҷатҳои дохилӣ, аз он ҷумла Кодекси этикаи корпоративии ҶСК «Бонки Эсхата» қабул карда шудааст. Кодекси мазкур стандартҳои баланди одоби касбиро дар Бонк муқаррар менамояд.
Дар Кодекси этикаи корпоративии Бонк принсипҳо ва қоидаҳои рафтори кормандони Бонк ҳангоми муносибат бо муштариён зикр карда шудааст. Аз ҷониби кормандон донистан ва риоя намудани муқаррароти Кодекси этикаи корпоративӣ хусусияти ҳатмиро дорад. Шиносоии кормандони Бонк бо Кодекс ҳангоми қабул ба кор анҷом дода мешавад.
Дар ҷойҳои намоёни тамоми воҳидҳои сохтории Бонк китобҳои алоҳида барои қайди шикоятҳо ва пешниҳои мизоҷон, инчунин дар тахтаҳои иттилоотӣ воситаҳои асосии қабули арзу шикоятҳои бонкӣ, аз ҷумла рақами боварии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони Бонки миллии Тоҷикистон - ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар самти хизматрасониҳои молиявӣ насб карда шудааст.
Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳо дар Бонк дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Бонк муроҷиатҳои мизоҷонро (аз он ҷумла арзу шикоятҳоро) дар шакли хаттӣ, электронӣ ва шифоҳӣ қабул менамояд. Хати махфӣ низ ташкил карда шуда, имконияти паёмҳои махфӣ гузоштан низ вуҷуд дорад.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк озод буда, ҳар ҳафта рузи панҷшанбе аз соати 9:00 то 12:00 шаҳрвандон метавонанд шахсан бо Раиси Раёсат вохӯранд. Қабули сардори шуъбаи ҳуқуқ ҳар ҳафта рузи ҷумъа аз соати 14:00 то 16:00 сурат мегирад.
Дар филиалҳо низ қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбари филиал ҳар ҳафта дар реҷаи муайян муқаррар карда шудааст.
Дар холати дучор шудан ба вайрон намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон метавонед дар рақам ва почтаи электронии дар поён зикр шуда муроҷиат намоед:
Маркази тамос: 808; +992 44-600-0-600.
Почтаи электронӣ: shikoyat@eskhata.tj
Камолҷон Ғафуров
Сардори шуъбаи ҳуқуқи
ҶСК “Бонки Эсхата”