15 март – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
15 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамасола таҷлил мегардад. Ин сана ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар низоми молиявӣ, равона шудааст.
Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар санадҳои дахлдор барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ мебошад. Дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ назорати риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
ҶСК «Бонки Эсхата» ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи мизоҷон аҳамияти махсус медиҳад. Дар Бонк механизми баррасии муроҷиатҳо ва шикоятҳои мизоҷон ба роҳ монда шуда, шуъбаи махсуси кор бо шикоятҳо фаъолият менамояд. Мақсади асосии фаъолияти шуъбаи кор бо шикоятҳо баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани камбудиҳо ва таҳкими масъулияти кормандон мебошад.
Бо дарназардошти рушди хизматрасониҳои рақамӣ молиявӣ, Бонк инчунин ба ҳифзи ҳуқуқи мизоҷон ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои фосилавӣ (онлайн)-и диққати махсус медиҳад. Дар ин самт чораҳо барои баланд бардоштани сатҳи амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва шаффофияти хизматрасониҳои рақамӣ амалӣ карда мешаванд.
Барои таъмини муносибати эҳтиромона ва касбӣ бо мизоҷон дар Бонк Кодекси этикаи корпоративӣ амал мекунад, ки принсипҳо ва стандартҳои рафтори кормандонро муқаррар менамояд. Риояи ин меъёрҳо барои ҳамаи кормандон ҳатмӣ мебошад.
Бо мақсади дастрас будани механизмҳои пешниҳоди муроҷиатҳо, Бонк муроҷиатҳои мизоҷонро дар шаклҳои хаттӣ, электронӣ ва шифоҳӣ қабул менамояд. Ҳамчунин, дар тамоми воҳидҳои сохторӣ Бонк китобҳо барои қайди арзу шикоятҳо ва пешниҳоди мизоҷон ва қуттиҳои махсус барои қабули муроҷиатҳо ҷойгир карда шудаанд.
Дар ҳолати дучор шудан ба масъалаҳои вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ, Шумо метавонед тавассути воситаҳои зерин муроҷиат намоед:
Маркази тамос: 808; +992 44-600-0-600
Почтаи электронӣ: shikoyat@eskhata.tj
Камолҷон Ғафуров
Сардори шуъбаи ҳуқуқи
ҶСК «Бонки Эсхата»