Марафони хайриявӣ.
Накӯкорӣ, ёрӣ расонидан ба одамон дар лаҳзаҳои душвор ва дастгирии онҳо кори наҷиб аст.
Мо хушҳол аз он ҳастем, ки ҷузъи марафони хайриявӣ гардидем. Бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди саратони кӯдакон”, Бонки Эсхата Фонди хайриявии “Лона”-ро дар гузаронидани марафони хайриявӣ, ки санаи 15 феврал дар боғи “Фирдавсӣ”-и ш.Душанбе баргузор гардид, дастгирӣ намуд.
Дар доираи барномаи ESG Бонки Эсхата ҳамасола лоиҳа ва ташаббусҳои хайриявиро, ки дар навбати худ барои дастгирӣ ва рушди ҷомеа мусоидат мекунанд, дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин дар барномаи мобилии Эсхата Онлайн, Бонк ҳамгироиро бо фондҳои хайривӣ ва ташкилотҳо пешбинӣ намудааст, ки ба истифодабаранда имкон медиҳад, то ба осонӣ барои дастгирии ин ё он фонд амали хариявиро анҷом диҳад.
Ба шарофати дастгирии фондҳои хайриявӣ мо барои беҳтар гардидани сифати зиндагии ниёзмандон ва таҳкими анъанаҳои хайрхоҳона дар ҷомеа мусоидат менамоем.
Эсхата – Бонк барои наздикон!