Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
ESG

Эсхата: Мо тарафдори шаҳри тоза!

12 июня 2026
Шаҳри тоза аз барномаҳои калон оғоз намешавад. Он аз қарори одамоне, ки бетараф нестанд он оғоз меебад.

Имрӯз, рушди устувор дар сатҳи стратегияҳо, рӯзномаи ESG ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ бештар муҳокима карда мешавад. Аммо дар маркази ҳама гуна тағирот принсипи оддӣ боқӣ мемонад: муҳити атроф танҳо вақте беҳтар мешавад, ки ҳама барои саҳм гузоштан омодаанд.

Аз ин рӯ, кормандони Эсхата Бонк дар саросари кишвар ба аксияи экологии "Табиатро бо мо ҳифз кун!", ки ба рӯзи ҷаҳонии муҳити зист бахшида шудааст, ҳамроҳ гардиданд. Ҳамкорон кӯшишҳои худро барои тоза кардани майдонҳо, ободонии минтақаҳои сабз, боғҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карданд.

Натиҷаи аксия: зиёда аз 720 халта партов ва зиёда аз 210 000 метри мураббаъ майдони тоза карда шуда.

Аммо барои мо на танҳо рақамҳо муҳиманд. Ҳар як тиҷорат дар дохили муҳити муайян - шаҳр, ҷомеа, кишвар рушд мекунад. Ва ғамхорӣ нисбати ин муҳит набояд танҳо бо фаъолияти асосии ширкат маҳдуд гардад.

Тиҷорати масъул - на танҳо технология, маҳсулот ва нишондиҳандаҳои молиявӣ мебошанд. Ин инчунин омодагӣ барои иштирок дар ҳалли мушкилотест, ки ҳаёти одамони гирду атрофро бароҳаттар мекунад. Хусусан вақте ки чунин ташаббусҳо як қисми фарҳанги корпоративӣ мешаванд ва кормандонро аз шаҳрҳо, воҳидҳо ва самтҳои гуногун дар атрофи идеяи умумӣ муттаҳид мекунанд, арзишманд аст.

Ташаккур ба ҳамаи кормандони Эсхтаа Бонк, ки дар аксия ширкат варзиданд ва дар фароҳам овардани муҳити тозатар ва бароҳати зиндагӣ саҳм гузоштанд.

* Санаи навсозии саҳифа 12.06.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»