Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
ESG

Эсхата: Маблағгузории сабз сармоягузорӣ барои фардо аст

6 сентября 2025
Имрӯз рушди устувор дигар танҳо як тамоюли муосир нест - ин як зарурати ҳаётан муҳим аст. Дар шароити тағирёбии иқлим, кам шудани захираҳои табиӣ ва афзоиши фишори афзояндаи муҳити зист, соҳибкорон бештар дар бораи таъсири онҳо ба муҳити зист фикр мекунад. Дар ин замина, маблағгузории сабз воситаи асосии дастгирии ташаббусҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор аз ҷиҳати захираҳо самаранок мегардад.

Маблағгузории сабз чист?
Маблағгузории сабз – ин сармоягузории мақсаднок ба лоиҳаҳое мебошад, ки ба ҳифзи табиат, баланд бардоштани самаранкоии энергия, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, рушди устувори кишоварзӣ ва технологияҳои тоза нигаронида шудаанд. Онҳо дар гузаштан ба иқтисодиёти камкарбон саҳм мегузоранд ва ба ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ мусоидат мекунанд.

«Қарзи сабз» - дастгирии тиҷорат ба хотири экология
Эсхата Бонк аҳамияти гузариш ба иқтисоди сабзро дарк мекунад. Мо боварӣ дорем, ки рушди устувор танҳо бо талошҳои муштараки институтҳои молиявӣ, соҳибкорон ва ҷомеа имконпазир аст.

Маҳсулоти махсуси мо - «Қарзи сабз» - барои дастгирии соҳибкорон, фермерҳо ва ширкатҳои истеҳсолӣ, ки ҳалли экологиро татбиқ мекунанд, омода шудааст. Маблағгузорӣ барои мақсадҳои зерин пешкаш мегардад:
• насби панелҳои офтобӣ, системаҳои обёрии насосӣ ва дигар манбаъҳои энергияи барқароршаванда;
• ҷорӣ намудани таҷҳизоти каммасраф;
• системаҳои обёрии қатрагӣ ва дигар технологияҳои сарфакунандаи энергия дар соҳаи кишоварзӣ;
• сохтмон ва таҷдиди экологӣ аз рӯи стандартҳои сабз: гарминигоҳдорӣ, сарфаи об, масолеҳи каммасраф.

Мизоҷон на танҳо маблағгузории имтиёзнокро бо фоизи паст ва мӯҳлатҳои чандир мегиранд, балки мутахассисон низ онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд. Мутахассисони мо дар арзёбии самаранокии экологӣ ва иқтисодии лоиҳа кӯмак мерасонанд..

Чаро ин барои тиҷорат муҳим аст
Имрӯз барои тиҷорат истеҳсоли маҳсулоти босифат кофӣ нест - мизоҷон ва сармоягузорон ба масъулияти экологӣ ва иҷтимоии ширкатҳо диққат медиҳанд. Сармоягузорон омилҳои ESG-ро фаъолонаро ба назар мегиранд ва истеъмолкунандагон бошанд, брендҳои дорои равиши экологиро интихоб мекунанд. Лоиҳаҳои экологӣ рақобатпазирии ширкатҳоро афзоиш медиҳанд, ҷойҳои корӣ ташкил мекунанд, ба рушди ҷомеаҳои маҳаллӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот мусоидат мекунанд.

Ҳамроҳ ба ояндаи устувор
«Қарзи сабз» — ин сармоягузорӣ на танҳо ба тиҷорат, балки ба саломатии наслҳои оянда, обу ҳавои тоза, ҳифзи гуногунии биологӣ ва суботи иқлим низ мебошад. Ҳар як қадам муҳим аст: як ферма, ки обёрии қатрагиро ҷорӣ мекунад, як соҳибкор бо панелҳои офтобӣ ва ё як ширкат бо истифода аз таҷҳизоти каммасраф, моро ба иқтисоди сабз наздик мекунад.

Мо соҳибкорон, деҳқонон, соҳибкорони хурду миёнаро даъват менамоем, ки барои ояндаи устувор муттаҳид шаванд. Яқҷоя мо метавонем, на танҳо иқтисодиётро инкишоф диҳем, балки табиатро барои наслҳои оянда ҳифз кунем.

Муфассал https://tj.eskhata.com/about/esg/

* Санаи навсозии саҳифа 06.09.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»