ESG
Эсхата Бонк ва БАТР рушди иқтисоди "сабз" - и Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд
15 октября 2026
ҶСК "Бонки Эсхата" дар якҷоягӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) рушди иқтисоди сабзи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Дар доираи шарикӣ созишнома оид ба дастгирии лоиҳаи ҶДММ "Қоғази Тоҷик" ба имзо расид, ки таъсиси иқтидорҳои нави коркарди макулатураро пешбинӣ мекунад.
Лоиҳа ба рушди соҳаи коркард, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар равона шудааст. Таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳо кам карда шавад, рақобатпазирии корхона баланд бардошта шавад ва ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода шаванд.
Дар доираи ҳамкории минбаъда, Эсхата Бонк нақша дорад, ки маблағҳои молиявиро барои дастгирӣ ва рушди ин соҳа равона намояд. Маблағгузории марҳилавӣ дар шакли траншҳои пулӣ барои мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои ба муҳити зист нигаронидашуда, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Эсхата Бонк рушди шарикии худро бо ниҳодҳои байналмилалии рушд ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нави тиҷорат дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, идома медиҳад.