Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила

Эсхата Бонк шарики озмуни " Тоҷикистони ман - ояндаи ман!"

15 апреля 2025
Бо чунин шиори илҳомбахш дар Душанбе озмуни ҳунарии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Озмун 11 феврали соли 2025 оғоз ёфт ва ҳамчун майдон барои барои ифодаи рассомони ҷавон аз тамоми кишвар табдил ёфт.
Қабули дархостҳо 20 март ба анҷом расид ва маросими ҷоизасупорӣ 11 апрел дар пойтахт баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ 180 асари рассомӣ зиёда аз 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Варзоб ва ғайра пешниҳод карда шуд.
Дар натиҷаи озмун 10 ғолиб дар се категорияи синну сол муайян карда шуданд, ки дар байни онҳо се нафар аз Эсхата бонк тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, озмун ҷавонони эҷодкорро муттаҳид карда, намунаи равшани боварӣ ба ояндаи дурахшон ва илҳомбахши Тоҷикистон гардид.

Дастгирии озмуни "Тоҷикистони ман - ояндаи ман!" на танҳо як амали иродаи нек нест.
Ин сармоягузорӣ ба ояндаи кишвари мо, рушди иқтидори ҷавонон, эҷодкорӣ ва ифодаи худ мебошад.

Барои Эсхата Бонк, амалҳои хайр ва масъулияти иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи фалсафаи рушди устувор ва унсурҳои муҳими татбиқи ташаббусҳои ESG мебошанд.

Мо боварӣ дорем: дастгирии имрӯз – роҳ барои фардои  беҳтарин аст.

* Санаи навсозии саҳифа 21.04.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»