Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
ESG

Эсхата Бонк - рушди устувор аз ҳаракат оғоз меёбад

22 мая 2025
Эсхата Бонк мувофиқи стратегияи рушди устувори (ESG) хеш ба навсозии марҳила ба марҳилаи парки худ шурӯъ кард.
Дар ояндаи наздик мошинҳои ҷории  инкассатории бонк бо мошинҳои нави каммасрафи электронӣ, ки ба меъёрҳои муосири экологӣ мувофиқат мекунанд, иваз карда мешаванд.

Инкассатсия - яке аз вазифаҳои асосии бонк ба ҳисоб рафта, нақлиёти боэътимод, пурқувват ва мобилиро талаб мекунад. Мошинҳои анъанавии инкассаторӣ бошанд, дорои сатҳи баланди истеъмоли сӯзишворӣ ва партови изофаи назарраси карбонанд.

Гузариш ба нақлиёти экологӣ имкон медиҳад, ки истеъмоли сӯзишворӣ кам гардида, партовҳои гази карбон коҳиш ёбанд, хароҷоти истифодабарӣ кам карда шуда, самаранокии захираҳо баланд бардошта шавад.

Навсозии парк - як қисми раванди комплексӣ дар ҷодаи навсозии инфрасохтори логистикӣ ва хидматрасонӣ, аз ҷумла хидматрасонии банкоматҳо ва интиқоли пули нақд мебошад. Қарори мазкур тибқи афзалиятҳои экологӣ ва стратегии бонк қабул карда шудааст.

Мо мекӯшем, ки таъсири экологии фаъолияти худро ба ҳадди ақал расонем ва дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ саҳмгузор бошем.

Бонк татбиқи фаъолонаи принсипҳои рушди устуворро дар фаъолияти хеш идома дода, омилҳои ESG-ро дар кори ҳаррӯзаи худ ба назар мегирад.

* Санаи навсозии саҳифа 22.05.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»