Eco - масъул!
6 августа 2024

Ғамхорӣ ба муҳити зист масъулияти иҷтимоии ҳар яки мост! Бонки Эсхата дар фаъолияти худ принсипҳои ESG ва рушди устуворро риоя намуда, ба ин васила дар ташаккули ояндаи устувор саҳм мегузорад.
Насби таваққуфгоҳҳои велосипедӣ яке аз мисолҳои равшани ғамхорӣ ба муҳити зист ва ҷомеа мебошад. Таваққуфгоҳи велосипедӣ як ҷузъи муҳими инфрасохтор ҳисобида мешавад, зеро шумораи бештари одамон навъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи нақлиётро авло медонанд.
Бонк ба ин вазифа бо камоли масъулият муносибат намуда, дар доираи татбиқи ҳадафҳои ҲРУ 11 “Шаҳру маҳалҳои устувор” ба нақша гирифтааст, ки дар тамоми сохторҳои Бонк қисмати таваққуфгоҳи велосипедиро насб намояд.
Бояд қайд намуд, ки мо татбиқи лоиҳаро оғоз намуда, дар Сарбонк барои кормандон ва мизоҷон якчанд таваққуфгоҳҳои велосипедӣ насб намудаем.
Моро пайгирӣ намоед, чорабиниҳои бештар шуморо интизоранд!
Эсхата – Бонк барои наздикон!