Бонки Эсхата - сарпарасти генералии форуми молиявии байналмилалии “ESG - ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар”

Бонки Эсхата сарпарасти генералии форуми байналмилалии “ESG - ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар” гардид. Чорабинии мазкур 31.10.2024 сол дар “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе баргузор гардида намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва инчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарҷамъ намуд. Дар форум инчунин намояндагони созмонҳои молии байналмилалӣ, сектори бонкӣ, ширкатҳои суғурта, операторони мобилӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Масъалаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ESG (Environmental, Social, and Governance - экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ), дурнамои рушди «маблағгузории сабз» ва имкониятҳои ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ дар ин соҳаҳо, дар форум ҳамчун мавзӯъҳои асосӣ буданд.
Раиси Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата” - Сайфидинов Акмалҷон дар сессияи «ESG – рӯзномаи оянда. Масъалаҳои актуалӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сармоягузории масъулиятнок” таҷрибаи бонкро оид ба барориши аввалин вомбаргҳои сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд, ки ҳамчун як қадами муҳим дар самти маблағгузории устувор буда, ӯҳдадории Бонки Эсхатаро ба принсипҳои ESG тасдиқ мекунад.
Дар ҷаласаи умумӣ дар бахши «Инноватсия дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ барои корхонаҳои хурду миёна –омили ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор» маърӯзаи Насуллоев Сайдулло - Сардори Департаменти Тиҷорати Рақамии ҶСК “Бонки Эсхата” пешкаши шунавандагон гардид.
Сардори Департаменти тиҷорати чакана - Орипов Носир дар мавзӯи «Робитаи тағйирот: чӣ гуна бояд муқовиматро кам намуд». Хизматрасонии муосири молиявӣ барои рушди устувор: ҳамкории минтақавӣ, бозорҳои нав, хизматрасонии инноватсионӣ. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳал барои Тоҷикистон», баромад намуд.
Сардори Департаменти тиҷорати корпоративии Бонки Эсхата - Умаров Умарҷон дар ҷаласаи «Рушди соҳибкории занон ва ҷавонон дар асоси принсипҳои ESG» ҳамчун модератор иштирок варзид.
Бонки Эсхата дар фаъолияти худ татбиқи фаъолонаи принсипҳои ESG-ро идома дода, онҳоро дар роҳандозии лоиҳаҳои маблағгузорӣ истифода мебарад. Таваҷҷӯҳ ба рушди устувор ва сармоягузории масъул омодагии бонкро дар мусоидат барои пешбурди тағйироти мусбии иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути дастгирии ташаббусҳое, ки ба беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ифода мекунад.