Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
ESG

Бо ғамхорӣ ба тозагӣ: кормандони Эсхата шанбегии азим гузарониданд

4 июля 2025
Эсхата Бонк ва филиалҳои он шанбегии азимро бо шавқ баргузор намуда, садоқати худро ба принсипҳои масъулияти иҷтимоӣ ва нигоҳубини муҳити зист нишон доданд.

Кормандони бонк бо асбобҳои зарурӣ мусаллаҳ шуда, дар тоза кардани ҳудудҳои вобасташуда, боғ ва гулгаштҳо фаъолона иштирок карданд. Диққати махсус ба ҷамъоварии партовҳо, ободонии майдонҳои сабз ва фароҳам овардани муҳити бароҳаттар ва тозатар дода шуд.

Ин саҳмест дар беҳтар кардани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ дар ҷомеаи мост. Мо боварӣ дорем, ки бо кӯшиши муштарак мо метавонем шаҳр ва кишвари худро тозатар ва зеботар кунем.

Дар натиҷаи шанбегӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 700 халта партов ҷамъоварӣ карда шуд ва зиёда аз 160 000 метри мураббаъ масоҳат тоза карда шуд.

Бонк ният дорад, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро ба роҳ монад, ки ба беҳтар кардани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар кишвар равона карда шудаанд.

Эсхата-бонк барои наздикон!

* Санаи навсозии саҳифа 04.07.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»