Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Муроҷиат

Муроҷиати Раиси Раёсати ҶСК "Бонки Эсхата"

17 сентября 2025
Мӯҳтарам мизоҷон ва шарикони Бонки Эсхата!

Имрӯз дар ҷомеа ва васоити ахбори омма мо аксаран бо ибораҳое чун “коррупсия” ва “мубориза бо коррупсия” дучор мешавем. Пас, чаро ин мавзӯъ то чунин дараҷа муҳим гардид. Сабаби асосӣ, албатта, дар он аст, ки коррупсия аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти фаромиллӣ эътироф шудааст, зеро он ба рушди сиесиву иқтисодии ҳар як давлат ва ҷомеа, аз ҷумла ба низоми бонкӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар мамлакати мо дар тӯли солҳои зиед заминаи қонунгузорӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия ташаккул меебад. Қабули қонун “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, тасдиқи Конвенсияи СММ ва таъсиси Агентии махсус - қадамҳои муҳим барои тасдиқи ӯҳдадориҳои давлатӣ ба ин ҳадаф мебошанд.

Имрӯз ин кӯшишҳо дар доираи Стратегияи давлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ сохтани он дар марҳилаи аввал (солҳои 2021-2025), замимаи Стратегия, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, амалӣ мешаванд. Ин санадҳо самтҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсияро муайян намуда, барои ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун роҳнамо дар ташкили равандҳои шаффоф ва масъулиятнок амал мекунад.

Бо риояи муқаррароти Стратегияи кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари бахши молиявӣ ва таъмингари татбиқи сиесати давлатӣ ва ташаккули фарҳанги идоракунии корпоративии боэътимод дар низоми бонкӣ, Бонки мо тадбирҳоро аз ҷиҳати таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва ҳифзи обрӯи соҳибкорӣ амалӣ менамояд. Бо тасдиқи риояи меъерҳои баланди ахлоқи корпоративӣ, ҶСК “Бонки Эсхата” ду сол пай дар пай мутобиқати низоми менеҷменти муқовимат ба коррупсияро ба стандарти байналмилалии ISO 37001:2016" Низоми менеҷменти муқовимат ба коррупсия. Талабот ва дастури татбиқ” нишон медиҳад.

Дар Бонк принсипи “таҳаммулнопазирии сифрӣ” ба коррупсия амал мекунад, ки дар ҳеҷ сурат роҳ надодан ба амалҳои коррупсиониро дар назар дорад. Бовариро харида намешавад - онро танҳо бо кори софдилона ва муносибати масъулиятнок ба даст овардан мумкин аст.

Барои ҳифзи ин арзишҳо дар Бонк “Хати боварии комплаенс” — канали махфии алоқа фаъолият мекунад, ки ҳар яки шумо ҳангоми дучор шудан бо ҳолатҳои шубҳанок ба он муроҷиат карда метавонед. Бонк баррасии махфӣ ва объективии ҳар як муроҷиатро кафолат медиҳад. Дар сурати тасдиқи далелҳои коррупсия чораҳои дахлдор ки бо қонунгузорӣ ва бо санадҳои меъерии дохилӣ пешбининамуда тадбиқ карда мешавад.

ҶСК “Бонки Эсхата”, бо идомаи риояи стандартҳои баланди байналмилалӣ, барои шумо ҳамчун шарики боэътимод ва такягоҳи устувор дар солҳои оянда боқӣ хоҳад монд.

Бо эхтиром,
Раиси Раёсат
Сайфидинов А.Т.

* Санаи навсозии саҳифа 17.09.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»