Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо
Мубодила
Муҳим

Маҷлиси Умумии солонаи саҳмдорон

30 апреля 2026
ҶСК “Бонки Эсхата” ба маълумоти саҳмдорони Бонк мерасонад, ки санаи 22 майи соли 2026, соати 09:00 Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон баргузор мегардад.

Шакли баргузории маҷлис – рӯ ба рӯ, ҷои баргузорӣ – бинои Сарбонк, суроға: ш.Хуҷанд, к.Гагарин 135 , усули баргузорӣ – рӯ ба рӯ: ҳузури шахсӣ ё фосилавӣ тавассути барномаи “Zoom”.

Санаи тартиб додани рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСК “Бонки Эсхата” ҳуқуқ доранд- 02 майи соли 2026:

Рӯзномаи маҷлис:
1.    Интихоби раискунанда ва эълони кворум барои гузаронидани маҷлис
2.    Баррасии ҳисоботи Раиси Шӯрои нозирон оид ба корҳои анҷомдодаи Шӯрои нозирон ва кумитаҳои он барои соли 2025
3.    Баррасии Ҳисоботи Раиси Раёсат оид ба фаъолияти Бонк барои соли 2025
4.    Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи аудитшудаи ҶСК "Бонки Эсхата" барои соли 2025
5.    Баррасии тавсияҳои ШН оид ба масъалаи тақсимоти фоида аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботии молиявии 2025
6.    Баррасии масъалаи бастани шартнома бо “РСМ Тоҷикистон барои гузаронидани аудити мустақили соле, ки санаи 31.12.2026 ба охир мерасад.
7.    Баррасии ҳисоботи Кумитаи аудит дар бораи кори анҷомдода дар соли 2025
8.    Тамдиди ваколати аъзои Шӯрои нозирон – Роберт Сассон.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо, шумо метавонед бо и.в. Котиби корпоративии Бонк- Дилноза Кодирова ба рақами (44) 600-0-600 ё ба суроғаи электронии CorporateSecretary@eskhata.com тамос гиред.

* Санаи навсозии саҳифа 30.04.2026

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»