Изҳорот
Изҳороти ҶСК “Бонки Эсхата” дар робита ба мақолаи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ
22 августа 2025
ҶСК “Бонки Эсхата” дар робита ба мақолаи Абдуллоева Наргис, ки дар саҳифаи Facebook “Ахбор барои афкор” вобаста ба пешниҳоди қарз ва хизматрасонии бонкӣ чоп шудааст, чунин иттилоъ медиҳад.
5 августи соли 2025 дар саҳифаи Facebook “Ахбор барои афкор” мақолаи шаҳрванд Абдуллоева Наргис нашр гардид, ки дар он Бонк ба беэътиноӣ ва пешниҳоди ғайриқонунии қарз ба писари маъюби ӯ – Абдуллоев Шаҳром айбдор карда мешавад.
ҶСК “Бонки Эсхата” мақолаи мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода, бо масъулият изҳор менамояд, ки маълумоти нашршуда бо воқеият мутобиқат надорад. Санҷиши дохилӣ нишон дод, ки Абдуллоев Шаҳром ҳанӯз 23 майи соли 2024 шахсан ба Маркази хизматрасонии бонк муроҷиат намуда, ариза барои гирифтани корти миллии беном ва ҳамёни электронии “Эсхата онлайн”-ро бо имзои шахсии худ пешниҳод кардааст. Хизматрасонӣ мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои дохилӣ анҷом шудааст.
Қарзи онлайнӣ баъди тарки Маркази хизматрасонӣ тариқи ҳамёни шахсии “Эсхата онлайн”-и Абдуллоев Шаҳром дархост шудааст ва пардохтҳои минбаъдаи уҳдадории қарзӣ низ мустақиман аз ҷониби ӯ сурат гирифтаанд, ки наворҳои камераҳои назоратӣ ин ҳолатро тасдиқ мекунанд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, шахсони дорои маъюбият баробари дигар шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз хизматрасониҳои молиявӣ истифода баранд. Аз ҳамин хотир, амалҳои кормандони Бонк дар доираи қонун ва тартиботи муқарраршуда сурат гирифтаанд ва дорои хусусияти ғайриқонунӣ нестанд.
Ҳамаи санҷишу таҳлилҳо дар фазои пурраи шаффофият гузаронида шуда, бо далелҳои мушаххас ва санадҳои расмӣ тасдиқи худро ёфтанд. Дар натиҷа, хулосаи ниҳоии санҷиш собит намуд, ки аз ҷониби кормандони бонк ягон нишонаи ҷиноятӣ, аз қабили “ғайриқонунӣ додани қарз” ё “хунукназарӣ”, ошкор нагардидааст.
ҶСК “Бонки Эсхата” қайд менамояд, ки ҳамеша ба принсипҳои қонуният, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муштариён содиқ аст ва минбаъд низ барои таъмин намудани сатҳи баланди хизматрасонӣ тамоми иқдомҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Бо мақсади баланд бардоштани шаффофият ва сифати хизматрасонӣ, ҶСК “Бонки Эсхата” дар ҳамаи воҳидҳои сохтории худ тахтаҳои иттилоотӣ ва маводҳои маълумотдиҳандаро насб кардааст, ки дар онҳо сомонаи расмӣ, роҳҳои расмии ирсоли арзу шикоятҳо ва инчунин рақами боварии Бонки миллии Тоҷикистон ишора шудаанд. Муштариён метавонанд дар ҳолати норозӣ будан аз хизматрасонӣ ба ҳар яке аз ин воситаҳо муроҷиат намоянд.
Умедворем, ки хонандаи азиз муроҷиати шикоятии Абдуллоева Наргисро дар муқоиса бо факту далелҳои дар вокуниши болозикр овардашуда таҳлил намуда, ҳақиқати воқеъиро барои худ муайян менамояд.
Бо эҳтиром,
Шуъбаи кор бо шикоятҳои ҶСК “Бонки Эсхата”.