- Главная
- Информация о банке
- Ҳуқуқи мизоҷон
Ҳуқуқи мизоҷон
Тартиби қабул ва баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагон дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Талаботи иловагии ҳадди ақал барои баррасии шикоятҳо аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ ва талабот ба ҳисоботдиҳии таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ оид ба шикоятҳо» (Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон) ва инчунин низомномаҳои дохилибонки амалӣ карда мешавад.
Баррасии ҳамаи шикоятҳо ва даъвоҳои муштариён дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.
Ҳуқуқҳои асосии муштарӣ
Шумо ҳуқуқ доред, ки то лаҳзаи ба имзо расонидани шартнома оид ба тамоми шартҳои маҳсулоти молиявӣ маълумот гиред.
Маълумоти шахсии Шумо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати бонк махфи нигоҳ дошта шуда, коркард мегардад.
Шумо метавонед шикоят, савол ё пешниҳоди худро ирсол намоед.
Шумо ҳуқуқ доред, ки тамоми маълумотро дар бораи таърихи қарзии худ донед.
Вазифаҳои бонк дар назди муштарӣ
- Таъмини муштарӣ бо маълумоти боэътимод ва шаффоф
- Риоя ва эҳтироми ҳуқуқҳои муштарӣ ҳангоми баррасии муроҷиатҳо
- Ҳифзи махфияти маълумоти шахсии муштарӣ
- Фароҳам овардани воситаҳои муносиб ва дастрас барои муошират ва ҳамкорӣ
Воситаҳои муроҷиат
- Воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Барномаи мобилии «Eskhata Online»
- Қуттиҳои махсус барои муроҷиатҳо ва шикоятҳо
- Китоби шикоятҳо ва пешниҳодҳо дар воҳидҳои сохтории бонк