Меню
Филиалҳо ва банкоматҳо Ба мо нависед
Барномаи мобилӣ
Маркази тамос
808
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-0-600
Телефони боварӣ БМТ
807
рақами кӯтоҳ
+992 44-600-1-520
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенджерҳо

Идоракунии корпоративӣ

Комплаенс ҳамчун як ҷузъи идоракунии корпоративӣ дар доираи ESG

Мо боварӣ дорем, ки масъулият ва шаффофият асоси тиҷорати устувор аст ва мо ин принсипҳоро ба ESG-стратегияи худ фаъолона ҷорӣ менамоем. Риояи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи комплаенс-менеҷмент пайравии моро ба идоракунии беҳтари корпоративӣ тасдиқ намуда, боварии мизоҷон, шарикон ва сармоягузоронро мустаҳкам менамояд ва инчунин мақсадҳои дарозмуддати рушди устувор ва таъсири иҷтимоиро дастгирӣ мекунад.

Дастовардҳои мо дар соҳаи комплаенс:

  • Низоми беҳтарини комплаенс-менеҷмент: Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бонке, ки мувофиқи стандарти байналмилалии ISO 37301:2021 «Низоми комплаенс-менеҷмент» сертификатсия шудаст, гардидем. Стандарти мазкур пайгирии моро ба таҷрибаҳои беҳтарин идоракунии корпоративӣ ва рушди устувор дар доираи ESG тасдиқ менамояд.

  • Муқовимат ба коррупсия: Бонки мо аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷистон тибқи стандарти ISO 37001:2016 «Низоми идоракунии муқовимат ба коррупсия» сертификат гирифтааст. Ин аз пайгирии доимии мо дар мубориза бо коррупсия, баландкунии боварӣ ва шаффофият дар тиҷорат шаҳодат медиҳад.

  • Робитаи самараноки мутақобила: Хати алоқа барои қабули шикоят воситаи муҳим барои татбиқи принсипҳои масъулияти иҷтимоӣ буда, таъмини адолат, анонимӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мебошад.

  • Таҷрибаи беҳтарини аудит: Аудитҳои мунтазами мустақил риояи стандартҳои баланди идоракунӣ ва мутобиқат ба принсипҳои ESG, ба монанди софдилӣ, ошкорӣ ва масъулиятро таъмин мекунад.

* Санаи навсозии саҳифа 24.02.2025

Фильтр
Откликнуться на вакансию «Менеджер по цифровому маркетингу»