Бонки Эсхата ба кӯдакону оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявӣ намуд
12 декабря 2024

Бонки Эсхата бахшида ба 30-солагии таъсисёбаш ба беш аз 40 оилаи ниёзманд ва дигар ташкилотҳои гуногуни кишвар кумаки молӣ расонид. Дар ин замина ба 43 оила ва 7 ташкилоти ҷамъиятй ёрии яквақтаи моддй расонида шуд.
Дар байни онҳо мактаб-интернати махсус барои кӯдакони соҳиби кор ва шунавоиашон сусти ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамъияти маъюбони шаҳри Хуҷанд, интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов , инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии «Маркази дастгирии оила ва кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд», «Меҳри Дил» дар шаҳри Истаравшан, «Эҳё ва дастгирӣ» дар шаҳри Бохтар ва амсоли онҳо.
Қобили зикр аст, ки Бонки Эсхата дар доираи фаъолияти худ лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хайриявиро амалӣ менамояд, ки ба дастгирии ниёзмандон, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг нигаронида шудаанд. Бонк давра ба давра муассисаҳои томактабӣ ва иҷтимоиро дастгирӣ намуда, ҳамзамон ташаббус ва лоиҳаҳои гуногуни экологиро дастгирӣ мекунад.
Эсхата - Бонк барои наздикон